АРМУҒОН

  • Categories

  • Archives

ҚОНУНИ ЗАБОН НОҚИС АСТ

Posted by faridun on May 25, 2010

Дастандаркорони пешнависи Қонуни забони кишвар зарурати бозбинийи қонуни марбутаро «ба хотири баланд бардоштани мақом ва мартабаи забони модарии як кишвари мустақил» ташриҳ карданд. Аммо як баҳси муҳимм, ки вобаста ба ҳайсийят ва мартабати забони модарии мо аст, ҳам аз ҷониби мураттибони пешнависи Қонуни забон ва ҳам аз ҷониби намояндагони Парлумони кишвар нодида гирифта шуд. Аҳли баҳс мебоист ба мавзуъи номи забони модарийи мо дар Қонун мудохила мекард ва бо баррасийи дақиқи илмӣ ҳаққро ба ҳаққдор мерасонид, ки оё воқиъан исми забони расмийи мо «тоҷикӣ» бошад ё «форсӣ». Чиро ки то имрӯз ба баҳсу баррасиҳойи матбуоту садову симо пиромуни ин мавзуъ дастандаркорони ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон посухи дақиқи илмӣ надоданд. Ва аз ин лиҳоз мавзуъи баррасийи ин масъала боз ба ояндае мавқуф монд, ки наздикӣ ё дурияш равшан нест.

Илми забоншиносӣ ҳудудан сад ё дусад сол аст, ки таърихи таҳаввули форсиро, ки аз ҷумла забони модарии мо низ ҳаст, ба се давр бахш кардааст: форсийи бостон, форсийи миёна ва форсийи навин. Ва дар ин даврабандӣ исме аз “тоҷикӣ” нест, ё худ ин забон бо номи “форсӣ” шинохта, омӯхта ва дониста шудааст.

Ин низ равшан аст, ки дар юриши аъроб давлати мутамарказ ва бузурги Сососниён сарнагун шуд, дороиҳойи маънавиямон, аз ҷумла ҳазорон китобу китобхона нобуд гашт ва кор ба ҷойе расид, ки тақрибан то дусад сол забони сиёсату илм ва ҳатто адабиёти мо арабӣ шуд. Акнун хатаре таҳдид мекард, ки ҳувийяти қавми эронинажоди мо дар кураи маданияти саҳроийи араб об шуда, ба нестӣ расад. Зеро дар сарзаминҳое ҳамчун Мисру Сурияву Ироқ таърих аллакай шоҳиди чунин мусибат шуда буд, яънӣ забони ақвоми ин кишварҳо дар сояи сиёсати араби мутаҷовиз аз байн рафта буд. Аммо толиъ баландӣ кард ва ҳукумати Саффориён баҳори наҷоти забони модарийи мо гашту дубора онро ба сарзабзӣ расонд. Яъқуби Лайси Саффорӣ, ки қафаси истибдоди аҷнабиёнро ғаюрона пора ва ба сарзамини хеш дубора озодӣ овард, ҳамчун фариштае пайк расонд, ки аз гуфтор ба забони бегона безорӣ ҷуянд ва ба шоъирони фахрфурӯши арабгуфтор сароҳатан гуфт: “Чизеро ки ман андар наёбам, чиро бояд гуфт?“. Аз ҳамон лаҳзайи ин суруш форсийи нав болу пар боз мекунад, то дар муддате ҷаҳонро аз фарри андешаву донишу фазли хубони порсигӯ файз бахшад. Ҷойи зикр аст, ки Саффориёни накуном аз диёре буданд, ки ба истилоҳ, на қаламрави имрӯзии Форси Эрон, балки аз водиҳойи тоҷикнишин, яънӣ Систону Ҳироту Балху Тахор.

Read the rest of this entry »

Posted in ФАРҲАНГ | Leave a Comment »

ҲАЙ БАЛЕ, ҲАЙ ДАРЕҒ

Posted by faridun on May 25, 2010

Ростӣ, чун қаблан «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»-ро ба қавле варақ зада будам, баъди (дар ҳафтаномаи «Озодагон») хондани посухи олимони малӯл аз интиқоди «кор»-и «таърихӣ»-ашон беихтиёр ин фармудаи худи лауғатнависон дар зеҳнам печид.

Инак, аз чопи он чанд ҳафта гузашт, вале посухи О. Шукурзода ба онҳо нашр нашуд. Ба идораи нашрия занг зада, сабаб пурсидам. Гуфтанд, ки чунин матлабе ба онҳо нарасидааст. Ахиран ҳам пас аз хондани як мақола дар тавсифи ин «асари таърихӣ» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», (навиштаи номзадҳои илми филология Шаҳбоз Кабиров ва Мастура Абдураҳмонова), тақрибан ба «асари арзандаи давру замон» будани фарҳанги мазкур бовар кардам. Дар ҳавои ҳамин мақола ман ҳам ошиқ шудам, ки ин «шоҳкор»-ро бихарам. Вале… Вале – бало бар сари бепулӣ! – маблағи ҳангуфти зиёдатӣ аз таъмини рӯзгор надоштам, (нархи ин дуҷилдаи «бемонанду бемисол» 200 сомонӣ!). Ба чанд шиносам телефонӣ тамос гирифтам – касе надошт. Хушбахтона, як хеши донишҷӯям, ки устодаш ӯро ба харидани ин асар маҷбур кардааст, ин мушкилро осон кард ва ду ҷилди сабзи «муборак»-ро барои чанд рӯз ба ман дод.

Инак, ҳарду ҷилди сабзҷилди «вазн»-дорро ба хона овардаму бесаброна ба мутолаъайи он сар кардам. Ва тарбузи умедҳо аз бағалам афтид…

Шурӯъ кардам аз аввали «фарҳанг». Дар ибтидои боби А чунин омадааст:

Read the rest of this entry »

Posted in ФАРҲАНГ | Leave a Comment »

«ФАРҲАНГИ ТАФСИРИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

Posted by faridun on May 24, 2010

Ба ҷойи “АХМ” “АХЛОТТӮДА”

Назаре ба сафҳайи аввали «ФАРҲАНГИ ТАФСИРИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ», (ду ҷилд, бо кӯшиши Пажӯҳишгоҳи Рӯдакӣ; Душанбе, 2008).

Нахустин тасаввур аз хушхабари чопи ин китоб он буд, ки бо дарназардошти мероси катбийи баруманду шоҳкори форсӣ ва бо иҳтиёҷи бесобиқае, ки имрӯз тоҷикон баройи иҳё ва рушди забони хеш доранд, чунин фарҳанг мебойист ҳамчун қомусе ҷомиъу расову комил дилу дидаҳоро равшан мекард. Аммо мебинем, китоби мазбур аз нахустин ҳарфу ҳиҷо нокоро, бешира, дур аз истиъдоду бинишу дониши коршиносона ва на лойиқ ба номи баланди академияву пажӯҳишгоҳ тасниф шудааст. Аз ин ки сухан ба дарозо накашад, аз «сабк» ва «санъат»-и «ПЕШГУФТОР»-ин китоб ва аз баррасийи унвони бемантиқонайи он – «Фарҳанги тафсирии(?) забони тоҷикӣ(??)» худдорӣ мекунам. Чашмандозе дорам танҳо ба як барга (сафҳа) ва он ҳам баргайи нахусти китоб (с. 29) бо ин сархатт: А.

Ва иқтибос аз ҳарфи нахусту шарҳи нахуст:

«А ҳарфи аввали(?) алифбои ҳозираи(?) тоҷикӣ; дар алифбои арабиасоси(?) тоҷикӣ бо ҳарфҳои «алиф»(?), «айн»(?) ва дар охири як гурӯҳ калимаҳо бо «ҳои ҳавваз» ифода мешавад; ҳарфи «алиф» дар ҳисоби(?) абҷад ба адади 1 баробар аст(?); ҳарфи «А» дар гурӯҳбандии(?) синфҳои таълимӣ(?), табақабандии(?) мавзӯъҳо ва ғ. ба ҷои шумораи якум ба кор меравад(??)».

Ҳар ҷо ки дар қавсайн аломати суол (?) омадааст, афзудайи нависандайи ин сатрҳост ба маънийи хато, ғалат, нодуруст! Аз назари балоғату фасоҳат бояд банди нахуст тақрибан ин гуна қаламдод мешуд:

«А ҳарфи нахусти алифбойи кириллийи(!) тоҷикӣ; дар «алифбои арабии(!) тоҷикӣ» («Фарҳанги забони тоҷикӣ», 1/25) ба ҷойи ҳуруфи зерин навишта мешавад: (иқтибос аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ»): «1) дар аввали калима – а) ба ҷойи алифи мафтуҳ (фатҳадор – О. Ш.) (на ин ки «ба ҷои алиф(??) ифода мешавад» – О. Ш.), мас. абр; б) ба ҷойи ъайни мафтуҳ, мас. ъамуд; 2) дар миёни калима – а) ба ҷойи аломати фатҳа (забар – О. Ш.), мас. бад; б) ба ҷойи ъайни мафтуҳ, мас. муъаллақ; 3) дар охири калима – ба ҷойи «ҳо»-и ҳавваз, мас. зарра, гӯянда».

Ин ки «А дар алифбои арабиасоси(?) тоҷикӣ бо ҳарфҳои «алиф» ва «айн» ифода мешавад» ғалат аст. Бояд гуфта мешуд: «А дар алифбойи арабийи форсӣ (ё тоҷикӣ) ҳамон алифи мафтуҳро гӯянд». Аммо дар алифбойи форсиву арабӣ ҳарфе бо номи «айн»(?) нест, балки «ъайн»(!) ҳаст, ки тайи як ҳазору дусад сол дар навишти гузаштагонамон қотиъона муроот шудааст, танҳо мо, ки дар сояйи сиёсати Шуравӣ алифбойи хешро бохта, ба алифбойи кириллӣ пардохтему имлои нав сохтем, бидуни далилу мантиқ онро нодида мегирем, ки аз навоқиси алифбойи кириллийи мост. Масалан алаф – хӯ гирифтан ва дӯстӣ; ъалаф – гиёҳ, рустанӣ (ниг. Ғиёсу-л-луғот», 1/83).

Read the rest of this entry »

Posted in ФАРҲАНГ | Comments Off on «ФАРҲАНГИ ТАФСИРИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»