АРМУҒОН

  • Categories

  • Archives

ҚОНУНИ ЗАБОН НОҚИС АСТ

Posted by faridun on May 25, 2010

Дастандаркорони пешнависи Қонуни забони кишвар зарурати бозбинийи қонуни марбутаро «ба хотири баланд бардоштани мақом ва мартабаи забони модарии як кишвари мустақил» ташриҳ карданд. Аммо як баҳси муҳимм, ки вобаста ба ҳайсийят ва мартабати забони модарии мо аст, ҳам аз ҷониби мураттибони пешнависи Қонуни забон ва ҳам аз ҷониби намояндагони Парлумони кишвар нодида гирифта шуд. Аҳли баҳс мебоист ба мавзуъи номи забони модарийи мо дар Қонун мудохила мекард ва бо баррасийи дақиқи илмӣ ҳаққро ба ҳаққдор мерасонид, ки оё воқиъан исми забони расмийи мо «тоҷикӣ» бошад ё «форсӣ». Чиро ки то имрӯз ба баҳсу баррасиҳойи матбуоту садову симо пиромуни ин мавзуъ дастандаркорони ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон посухи дақиқи илмӣ надоданд. Ва аз ин лиҳоз мавзуъи баррасийи ин масъала боз ба ояндае мавқуф монд, ки наздикӣ ё дурияш равшан нест.

Илми забоншиносӣ ҳудудан сад ё дусад сол аст, ки таърихи таҳаввули форсиро, ки аз ҷумла забони модарии мо низ ҳаст, ба се давр бахш кардааст: форсийи бостон, форсийи миёна ва форсийи навин. Ва дар ин даврабандӣ исме аз “тоҷикӣ” нест, ё худ ин забон бо номи “форсӣ” шинохта, омӯхта ва дониста шудааст.

Ин низ равшан аст, ки дар юриши аъроб давлати мутамарказ ва бузурги Сососниён сарнагун шуд, дороиҳойи маънавиямон, аз ҷумла ҳазорон китобу китобхона нобуд гашт ва кор ба ҷойе расид, ки тақрибан то дусад сол забони сиёсату илм ва ҳатто адабиёти мо арабӣ шуд. Акнун хатаре таҳдид мекард, ки ҳувийяти қавми эронинажоди мо дар кураи маданияти саҳроийи араб об шуда, ба нестӣ расад. Зеро дар сарзаминҳое ҳамчун Мисру Сурияву Ироқ таърих аллакай шоҳиди чунин мусибат шуда буд, яънӣ забони ақвоми ин кишварҳо дар сояи сиёсати араби мутаҷовиз аз байн рафта буд. Аммо толиъ баландӣ кард ва ҳукумати Саффориён баҳори наҷоти забони модарийи мо гашту дубора онро ба сарзабзӣ расонд. Яъқуби Лайси Саффорӣ, ки қафаси истибдоди аҷнабиёнро ғаюрона пора ва ба сарзамини хеш дубора озодӣ овард, ҳамчун фариштае пайк расонд, ки аз гуфтор ба забони бегона безорӣ ҷуянд ва ба шоъирони фахрфурӯши арабгуфтор сароҳатан гуфт: “Чизеро ки ман андар наёбам, чиро бояд гуфт?“. Аз ҳамон лаҳзайи ин суруш форсийи нав болу пар боз мекунад, то дар муддате ҷаҳонро аз фарри андешаву донишу фазли хубони порсигӯ файз бахшад. Ҷойи зикр аст, ки Саффориёни накуном аз диёре буданд, ки ба истилоҳ, на қаламрави имрӯзии Форси Эрон, балки аз водиҳойи тоҷикнишин, яънӣ Систону Ҳироту Балху Тахор.

Бо омадани Сомониён ба майдони сиёсат довари айём аз Бухоро, ки маркази ин ҳукумат буд, ҳамчун ёқути илму ирфон мафтун мешавад. Шаҳрёрони Сомонӣ бо диди пайғамбарона пешрафту пояндагийи мардуму кишварро дар рушди забону равнақи дониш диданд ва баҳри комёбӣ ба ин ҳадаф ба гунайи бесобиқае майдони кору имконотро боз карданд. Бузургтарин осори адабию таърихию илмӣ дар садҳову ҳазорон ҷилд китоб аз арабиву юнонӣ баргардон шуд, ҷаҳон аз шодиёнаи нубуғи фарзонагони Оли Сомон, ба мисли Синову Беруниву Хоразмӣ ба хурӯш омад ва маҳз аз ҳамин даврон забони форсӣ ҳамчун дувумин забони расмийи дунёи ислом мақом пайдо кард. Сомониён, аз ҷумла, ноҷийи сартосари Эрон аз хатари арабшуданҳо мебошанд ва онҳо низ дар ҷое забони тоҷикӣ нагуфтанд, балки гуфтанд – форсӣ!

Ва ин форсӣ, ки имрӯз дар Мовароуннаҳр, дар Эрону Афғонистону Покистон ройиҷ аст, ба таъйиди аҳли фазл маҳз дар Бухорову Балх рӯ ба рушд ниҳод ва ба паҳнои гетӣ расид. Бузургтарин осори форсиро бухороиёну балхиён ба мисли Абу Абдуллоҳӣ Рӯдакийи Самарқандӣ, Дақиқии Абевардӣ, Кисойии Марвазӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Робиъа ва Шаҳиди Балхӣ, Шавкат ва Шокири Бухороӣ ва даҳҳойи дигар, ки дар домони Сомониёни ба воя расида буданд, навиштаанд. Ҳич кадом аз инҳо нагуфтаанд, ки мо тоҷикӣ навиштаем, балки фармудаанд мо форсӣ ё дарӣ гуфтаем. Ин фармудайи ҳаким Фирдавсиро ҳама медонем:

Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!

Низомӣ, он “ганҷинафишони мулки маънӣ”, аз бузургони адаби ҷаҳон хонда шудааст ва муҳаққиқон гузаштагони вайро аз Варорӯд медонанд, мегӯяд:

Низомӣ, ки назми дарӣ кори ӯст,
Дарӣ назм кардан сазовори ӯст!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шамси осмони ҳикмату ирфон аст ва “Маснавӣ”-и ӯро бар ҳаққ Қуръон дар забони форсӣ мешуморанд ва ӯ худ парвардайи маърифати Бухоро буд ва агарчи аз синни чаҳорсолагӣ аз зодгоҳи хеш (Балх, деҳистонҳойи Вахш) ба Туркия ҳиҷрат кард, аммо забони модарӣ ба ҷонаш пайванд монд ва осори беназире ба зевари назм кашид, ки имрӯз “Маснавӣ”– и ӯ дар Амрикову Урупо аз маҳбубтарин ва пурхонандатирин китобҳост ва “Девони Шамс”-у «“Маснавӣ” ҳама форсӣ хонда шудаанд! Устодони Мавлоно – Фаридуддини Аттор ва Ҳаким Саноийи Ғазнавӣ ва Шамсуддини Табрезӣ, ки аз шайхҳои соҳибноми олами ирфон ҳастанд, яксара ба форсӣ навиштаанд.

Аз бузургони дигари таърихи мо Афсаҳул-мутакаллимин Саъдии Шерозист, ки донишмандони ғарбӣ, ба мисли Бинҷомин Франклин мутаассир аз осори ӯ, гуфтаанд, ки каломи ин шайхи қудсошён “аз ҷумлаҳойи мафқудшудайи ашъори Таврот бошад”. Ва Саъдӣ бо ифтихор худро тоҷик мешуморад:

Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик!

Саъдӣ ҳанӯз дар айёми зандагӣ бо ҳусни калому ҳикмати тамоми осор дар Арабу Ҳинду Чин шуҳратманд гашта буд. ӯ дар “Гулистон” аз як сафари хеш ба Кошғари Хитой ва аз мулоқоти тасодуфияш бо писаре ёд мекунад. Ин ҷавон чун мефаҳмад, ки меҳмони арҷманд аз хоки Шероз аст, бо ихлос хоҳиш мекунад, ки барояш аз суханони Саъдӣ гӯяд.

Шайхи аҷалл бадеҳатан ду байте арабӣ ба забон меорад. Ҷавон мегӯяд: «Ғолиби ашъори ӯ дар ин замина ба забони порсист, агар бигӯйӣ, ба фаҳм наздиктар бошад”. Ин ҳикоят ҳовийи он аст, ки Шайхи Шероз аз карон то каронаҳо маҳбуби дилҳост ва кулабори шуҳрати ӯ аз меваи ниҳоли шаккарбори форсӣ лаболаб шудааст.

Мо бо дигар бузургвори Шероз – Шумсуддин Муҳаммади Ҳофиз низ ихлосу иродат дорем, ба ҳадде ки аз гаҳвора бо девони ӯ бузург мешавем. Шеъри Ҳофиз аз умқи дилҳо чун ниҳояти орзую ормонҳо садо додааст ва Ҳофизи лисонулғайб низ тоҷикӣ не, балки форсӣ сурудааст:

Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
З-ин қанди форсӣ, ки ба Банғола меравад!

Абдураҳмони Ҷомӣ аз сӯи Ҷом (деҳкадае дар ҳошияи Ҳирот) роҳийи Самарқанду Бухоро шуд, то дар ин ду остони бузурги илму адаби форсӣ ҳосиле аз дониш бардорад. Ҷомиро дар мадориси Самарқанд бо нубуғи истиъдоду донишаш дар шумори “хамсайи мутаҳаййира” ном бурданд, баъдан Шайхулисломи Хуросон гардид. Ҷомӣ низ тоҷик аст, аммо осори беназираш форсӣ!

Пас аз зуҳури Ғазнавиён, офтоби порсӣ тақрибан як ҳазору сад сол дар самойи маърифати Ҳинд партав фишонд ва аз нури фойизи он нуктапардозони фарзонае ба мисли Амир Хусраву Амир Ҳасани Деҳлавӣ, Масъуди Саъди Салмон, Фонийи Кашмирӣ ва Сойибу Бедил ва Зебуннисо ба камол расида, машҳури олам гаштанд. Аҷиб ин ки пажӯҳишгарон бо иттифоқи назар гузаштагони аксари ин бузургонро на аз қаламрави имрӯзи Эрон, балки аз Мовароуннаҳр, ҳамон сарзамини аҷдодони мо – тоҷикон медонанд ва суханонашонро наздику ҳамсадо ба гӯйиши варорӯдиён мешуморанд ва ононро низ дар ҳама ҷо аз бузругони адаби форсӣ ном мебаранд.

Аҳли таҳқиқ бар онанд, ки адабиёти класикии форсӣ ба исми Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба поён расидааст. Воқиан, Иқбол аз мутафакирони бузурге дар ҷаҳон аст, ки назмро бо ҳикмату сиёсат пироя зад ва тарзе сухансаройӣ кард, ки баройи адабиёти беш аз ҳазорсолайи форсӣ наву тоза буд. Иқбол худ зодайи қаламрави Ҳинд (Покистони имрӯз) ва урдузабон аст, аммо аз се ду бахши осорашро ба форсӣ навиштааст ва иътироф мекунад, ки

Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст!

Ё ки:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо.
Ғутаҳо зад дар замири зиндагӣ андешаам,
То ба даст овардаам афкори пинҳони шумо…
Фикри рангинам кунад назди тиҳидастони шарқ,
Порайи лаъле, ки дорам аз Бадахшони шумо…

Муҳаммади Иқбол ин шуҳрату мартабатро маҳз аз файзи забоне дарёфт, ки бо он Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Аттору Санойӣ, Мавлонову Саъдиву Ҳофизу Бедилҳо такаллум карда, асар навиштаанд ва ин забонро худи ин бузургон форсӣ мегӯянд!

Аммо боз як масъалайи усулӣ; ин ҳам он бувад, ки забоне ки ҳоло на тоҷикӣ, балки бояд форсияш хонем, аз куҷо бар рӯйи китоб омад ва нахустин гуфтаҳойи ҳунарӣ ва осори катбӣ ба форсӣ аз куҷо мунташир ва ё дар куҷо пайдо шудаанд?

Тибқи сарчашмаҳойи адабиву таърихӣ ҳудуан як ҳазору дусад соли пеш, пас аз ташкили дарборҳойи милийи исломӣ дар шарқи Эрон ин забон ба сурати расмӣ даромад ва онро бо номҳойи дарӣ, порсийи дарӣ ва форсӣ ёд кардаанд (аслан “порсӣ”; арабҳо, ки ҳарфи “П” надоранд, онро “форсӣ” гуфтанд). Ва сарзаминҳое дар ду каронайи Омӯ – Балху Бухоро аз амокини аслийи парвариш ва густариши форсӣ будааст. Эрон дар он рӯзгор аз самти мағриб дар қабзаи истилои шадид ва таҳти нуфузи сиёсиву иҷтимоийи амиқи  араб буд. Ин аз як сӯй. Ва аз сӯйи дигар  донишмандон пайдоиши нахустин намунаҳойи катбийи форсийи навро низ дар хиттайи Балху Бухоро баршумурдаанд. Аз ҷумла, ин ду намунайи дубайтӣ, ки ҳар яке аз ҷиҳати сохту муҳтаво аҷибанд, мислобандӣ шудааст. Яке (навиштайи Абулянбағӣ, шоъири асри 8) )то ҳадде сугнома ба Самарқанд аст, ки аз дасти тозӣ тороҷу вайрон гашта буд бад-ин гуна:

Самарқанди қандманд,
Баз-инат кӣ афганд?
Аз Чоч та беҳӣ,
Ҳамеша та хеҳӣ!

Ва дигаре ҳаҷвнома, ки пас аз нокомийи шармандавори сарлашкари тозӣ Асад ибни Абдуллоҳ онро дар Хуталон, ё Хаталон сурудаанд:

Аз Хаталон омазия,
Ба рӯ табоҳ омазия.
Овор боз омазия
Хашнакнизор омазия.

Ҳар кас ки пиромуни забон ва адабиёти форсӣ ва таҳаввулоти он дастбакор шавад, бидуни мурур аз ин ду дубайтийи мунҳасир ба фард нахоҳад тавонист ҷойи дигар равад. Ва дида мешавад, ки ин ду намуна дар авҷи истилои араб ба сарзаминҳойи мо суруда шудаанд. Аммо пажӯҳишгарон ахиран бо бозёфти намунайи дигар, ба он ҷо расидаанд, ки нахустин падидайи матни форсӣ ин ҳикояти “Суруди аҳли Бухоро” будааст.

Ҳикояти мазбур дар “Таърихи Бухоро” бо обу тоби тамом ёдоварӣ мешавад, ки ҳокими Бухоро Хотун буд, Хотуне бо ширинию накӯийи бисёр. Саркардайи араб Саййид ибни Усмон ба Хотун шефтаву шайдо мешавад, аммо нокомона. Ва аз ин лиҳоз бухороиён баройи вай суруд хондаанд. Аммо дар “Таърихи Бухоро” аз суруд нишоне нест.

Хушбахтона, бо кӯшиши донишмандони араб(!) чанде пеш намунае аз “Суруди аҳли Бухоро” пайдо шудааст. Дар китобе бо номи “Асмоъу-л-махтолин мина-л-ашроф”, таълифи Абу Ҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳабиби Бағдодӣ (садаи 8 милодӣ), ки бо таҳқиқи донишмандони мисрӣ дар Қоҳира ба табъ расидааст, аз ҷумла баёни фарҷоми кори саркардайи араб бо қиссайи Хотуни Бухоро низ ишорат рафтааст. Дар ин китоб омадааст, ки ӯро бо Хотун дидор афтод ва аҳли Хуросон ҳар дуро туҳмат ниҳоданд ва бар вай суруд хонданд ба забони хуросонӣ, ё худ форсӣ бад-ин гуна:

Кӯр хамир омад;

Хотун дурӯғ канада…

Ва ҷуз ҳамин ду порча чизе аз он бознамондааст.

(Навиштайи Абулҳусайни Зарринкӯб, моҳномаи Бухоро, Теҳрон, 1998).

Зимнан, яке аз нахустин шуъаройи форсигӯй Абу Ҳафси Суғдӣ зодайи Бухорост, ки ин байти ӯ бо зебоию ҷаззобӣ аз беназиршоҳбайтҳои форсӣ шумурда мешавад, дар тазкираҳойи мухталиф ҳамчун аз нахустнамунаҳойи форсийи китобӣ оварда шудааст:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо?
ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна равадо?

Чунин намунаҳое нобро метавон бештар аз ин силсила кард, ки гувоҳ аз тулуъи хуршедсифати форсийи нав аз сарзаминҳойи аҷдодийи мо дар ду каронайи Омӯ бошанд. Вақте дар поёни кори Шуравӣ наҳзати миллийи мо, тоҷикон, ба таври шигифтангез хурӯшид, маҳз масъалайи арҷгузоштану дубора минбар додани забони модариамон муҳаррики аслийи ин наҳзати сартосарию душманбаваҳшатафикан буд. Он замон мухолифи сарсахти сарбадорони забони модариамон на Кремлин, балки аслан аҷнабиёни дохили кишвар ва шарикони тоҷики онҳо буданд, ки акнун ҳувийяти милийи хешро аз даст дода, бо бегонагон ёр ва аз модару забони модарийи хеш безор гашта буданд. Ва он замон низ баҳси “форсӣ” ё “тоҷикӣ” аз масоили доғи ин ихтилоф буд. Андар зери пардайи ин муборизайи сиёсийи шадид душман доми муҳликеро баройи мо гузошта буд, яънӣ мухолифаташ алайҳи забони мо баройи он буд, ки бо “форсӣ” хондани забони расмийи Тоҷикистон миллати тоҷик молики сарвату сармояи бузурге ба мисли мироси оламшумули донишу фарҳанги форсӣ, ки дар ҷаҳон беназир аст, хоҳад шуд (ки ҳаққи ҳалолу мусаллами тоҷикон ҳам ҳаст!) ва баръакс, бо “тоҷикӣ” хондани забони давлатӣ, тоҷик боз ҳамон “ҳичбудагон” хоҳад монд, ки ба ин васила душманон гуфтаҳойи хасмонаву таҳқиромези хешро, ки «тоҷикон то Инқилоби октябр ҳич(?!) буданд, на хате доштанду на алифбое ва сартосар бесаводу бемактабу бефарҳанг буданд ва танҳо бо омадани болшвикҳо ин “ҳич”-ҳо “ҳама чиз шуданд”-ро таҳаққуқ мебахшид. Он замон наҳзати миллийи мо даст ба дасту муттафиқ то ҷое пирӯз омад, яънӣ дар Қонуни забони кишвар вожайи “форсӣ” дар қавсайн бошад ҳам, ворид шуд, аммо ин кабки қафас дер напойид, фурсатталабон (соли 1994) пайте ёфтанду бо ҳирсу ҳасодату нафрати тамом “форсӣ”-ро ҳатто дар қавсайн ҳам нагузоштанд Ин тавтиъаву суиқасд ба яке муқаддасоти мо, яънӣ ба забони модариамон дар Парлумони Тоҷикистон тарҳрезӣ ва амалӣ шуд, ки фаромӯш нашудааст ва дар таърих бо ҷузъиёташ боқӣ хоҳад монд. Бо таассуфи амиқ, Парлумони кишвар фурсатеро баройи ҷуброни ин иштибоҳи фоҳиши соли 1994 дар нишасти 1 октябри соли ҷорӣ аз даст дод ва аслан ин баҳси муҳиммро нодида гирифт. Парлумон аз чӣ бошад – аз ноогоҳию нодонӣ ё аз ночизгирийи мавзуъ ё аз беғайративу беҷуръатӣ – бо аксари кулли аъзо ба мавзуъ на мароқ зоҳир кард ва на шавқи бозбинӣ. Шояд аз он сабаб буд, ки ҳанӯз аҳли сиёсати кишвар аз мудохила ба ин баҳс сукутро авло донистааст ва агар донишмандони мо садо баланд кардаанд, ин баройи Парлумон кифоят накард ва беаҳаммийят монд. Пас мебояд сиёсат ва илми кишвар ба таври муштарак ва ҷомиъу бунёдӣ ба баҳси усулийи исми забони расмийи мо дастбакор шаванд, то ин ки ҷавҳари ҳақиқат равшан гардад. Вақте забони модарийи хешро мусаммо ба исми ҳақиқиаш мекунем, мо ҳақиқат ва адолати илмию таърихиро барқарор ва қарзи фарзандийи хешро дар баробари руҳи поки аҷдодонамон ба ҷо хоҳем овард, зеро давлатҳойи собиқи мо таййи ҳазорсолаҳо забони расмийи форсӣ доштанд ва ховаршиносийи олам низ имрӯз таъйид дорад, ки дар Эрону Афғонистону Варорӯд беш аз саду панҷоҳ милён нафар ба форсӣ такаллум мекунанд. Ин сиёсати пешбинишуда ва тадбири амдан андешидашудайи истиъморгарони ҷаҳонхоҳу яккатоз аст, ки ба сарзамини мо аз дари таҷзияву нифоқ ворид шудаанд ва бо “шевайи тафриқа андозу ҳукумат кун” мехоҳанд ваҳдати забониву равониву фарҳангийи як миллати ориёиву эронинажодеро дар Эрону Афғонистону Тоҷикистон аз ҳам бигсаланд ва ба гузаштайи дурахшони миллийи тоҷикон хатти бутлон кашанд ва нагузоранд, ки он ҳамдиливу ягонагийи собиқи Эрони бузурги оламафрӯз дубора иҳё шавад. Чиро ки инҳо медонанд пешиниёни мо ба мисли Каёниёну Пешдодиён, Ҳахоманишиёну Ашкониёну Сосониён, Тоҳириёну Саффориёну Сомониён дар таҳаввули созандайи таърихи олам чӣ нақше сазовор доштанду пешиниёни бадхоҳи ин душманон дар тахриби сарзаминҳойи мо чӣ нақше! Аз ин рӯ мебояд огоҳона бияндешем, ки оё аз масири муқаддаси падарони соҳибноми хеш гом бардорем ё фирефтайи раҳнамоийи душманон шавем. Агар мурод аз “ҚОНУН” арҷ гузоштан ба иродат ва мароми мардум бошад, Қонуни забони мо ҳанӯз чунин бори шарифу шароофатмандонаро дар баробари мардуми хеш натавонистааст кашад. Аз он ки дастанкорони мо ҳақиқатро қурбони хусумату нафрати шахсӣ карда, аз ҷаҳлу тарси нодониву ноогоҳӣ нисбати забону гузаштайи худ хештанро бардурӯғу маснуъӣ «тоҷикизабон»(??) мешуморанду бидуни иродайи умум қонунро тағйир медиҳанд, ҷуз маъюсиву норизоийи мардуми бофаҳму фазл ҳосиле ба бор намеояд. Охир чиро давлатҳое дар ҷаҳон, ба мисли Бритониё, Иёлоти Муттаҳида, Канада, Австралиё ва Зеландияи Нав бидуни таъассубу тарсу парҳез забони расмийи хешро ба таври воҳид инглисӣ мехонанд? Ё ки бисту як давлати араб, ки на аз як қавму аз як нажоданд (ниме сомиву ниме мисрӣ ва ниме суриёниву ниме африқойӣ), асрҳост, ки бо як забони воҳиди арабӣ гуфтугӯву коргузорӣ кунанду мо форсигӯён дар баробари он, ки озодона байни ҳам такаллум мекунему таъриху адабиёту фарҳангу суннатҳойи муштарак дорем, ҳамнажоду ҳамхуну ҳамдин ҳастем, аммо акун ҷоҳилона худро аз ҳамдигар бо «тоҷикисозӣ», бо «дарипарастӣ», бо «форсипарҳезӣ» аз ҳам ҷудо созем? Ин қимори наҳсро кай аз саҳнайи баҳси хеш дур меронем?

Ба ин тартиб, бо «тоҷикӣ» хондани забони расмийи хеш мо худро аз ҳамқавмону ҳамзабонони эронинажоди худ ҷудову бегона месозем ва ночор мешавем, ки мудом аз ин суоли басо ҳассосу ноҳинҷору ҷонкоҳ дар азоби руҳӣ бошем. Суол ин аст, ки агар забони гуфтори мо «тоҷикӣ» бошад, пас ба мироси оламшумули форсӣ оё ҳаққи ворисӣ дорем? Пас Рӯдакиву Синову Наршахиву Балъамиву Хоразмиву Беруниву Розиву Форобиву Ғазолию Мавлавию Суҳравардӣ ва ҳазорону ҳазорони дигар оё ба забони нестандарҷаҳони «тоҷикӣ» навиштаанд ё ба гуфтори осмонийи «форсӣ»? Ин нукта бештар ба Парлумон дахл дорад, ки аъзойи он ба намояндагӣ аз мардуми кишвар бояд баройи васл кардан омада бошанд, на баройи фасл кардан! Агар ба дурустиву ҳақиқат бо гузаштайи пурғановати фарҳангии хеш нозем, агар барҳаққ ин бузургони илму адабу фарҳангро, ки номашон дар сафҳайи таърих бо оби зар сабт шудааст, аз ифтихороти таърихи хеш шуморем, бояд “форси”-ро низ, ки онон бо ин забон ба аҳли ҷаҳон дарси адабу маърифат додаанд, шоҳкорҳойи илмию адабӣ ба ёдгор мондаанд, аз ифтихороти таърихийи хеш бишуморем.

Парлумони кишвар ин мавзуъи ҳассосро беаҳаммият шумурд ва дар рафти муҳокамаи пешнависи тозаи Қонуни забон ба он дахл накард ва ба ин тартиб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН боз ноқису номукаммал боқӣ монд. Зимнан, баррасиҳойи донишмандони тоҷик дар матбуот шаҳодати бевосита медиҳад, ки дар ин замина қонунгузорийи мо (яънӣ Парлумон!) соли 1994 бо ҳазф кардани «форсӣ» аз Қонуни Забони кишвар саросемакорӣ ва иштибоҳ кардааст ва имрӯз ин иштибоҳ ислоҳ нашуд, аммо мутмаиннан фардо бо огоҳиву бедорийи бештари миллӣ албатта ислоҳ хоҳад шуд. Чиро ки вақте забони расмӣ мегӯем ва вақте забони расмиро дар қатори обу хоку номи Ватан ва Парчаму Нишони он аз муқаддасоти хеш мехонем, бояд ин иътиқод ростин бошад, на дурӯғин. Забони мо, яънӣ форсӣ, аз муқтадиртарин ва ҷаззобтарин ва шевотарин забонҳои дунёст, бо ин сифоти камназир онро ҳатто забони осмонӣ шумурдаанд.

Магар намедонем, ки аз Варорӯд то Афғонистону Эрону Ҳинду Арабу Қафқозу Туркияву Балкан беш аз 15 ҳазор(!) шоъире соҳибдевон маҳз ба форсӣ навиштаанд? Магар намедонем, ки осори донишмандони мо (ба мисли Ибни Сино) то ҳафтсад сол дар донишгоҳҳойи Аврупо сармашқи кори донишҷӯёну донишмандон буд? Ва ин мусалламан ба он маъност, ки забони форсийи мо бо ғановати бемисл, бо имконоти беназири ҳунарӣ, бо тобишҳойи ҷаззоби маъноийю маънавӣ, бо фурӯғи ҷовидонайи хираду ҳикмати хеш мисли оби равон ҷонбахшову ҷаҳонорост Пас чӣ ҷойи тарс асту таъассуб, ки агар ба асолати хеш баргардему “форсӣ”-ро ба маснади фохирайи худаш бинишонему он ҳама имконоту тавонйиву ҷаззобияти сеҳрангезиашро чунонки имрӯз дар Эрону Афғонистон ҳаст, пойдору устувор созем? Ин на танҳо хандаовар, балки таҳқире ба забону гузаштайи мардуми худ аст, ки (маълум нест ба хотири чӣ ва ё бо амру дастури кӣ) имрӯз мо аз вожаҳойи ноби модарӣ, ки гувоҳи гӯёи таъриху фарҳангу тамаддуни бостониамон ҳастанд, сарфи назар кунему расман гӯем: «суд», «прокурор», «адвокат», «президент», «прокурори генералӣ»… Мешавад садҳо чунин мисоле дилхарошу хиҷолатбору ночасп овард, ки имрӯз аз бехабариву аҷзу нодонийи худи мо аз забонҳойи бегона номуносибона дар гуфтору навишторамон роҳ ёфтаанд. Ҳол он ки ҳазорсолаҳо пеш мо омӯзгору омӯзандаву омӯзишдида, донишкадаву донишгоҳу фарҳангистон ва додгоҳу додрасу додсаро доштем ва яке аз пешвоёни мо – Куруши Бузург нахустин Эъломияи ҳуқуқи инсонро навишта пешкаши башарийят кардааст. Ҳоло бо ин пуштвонайи ҳуқуқӣ ва хидмати таърихӣ магар айб нест, ки калимоти бегонаро кӯркӯронаву оҷизона бартар аз вожагони куҳану асили худ мешуморем ва магар дар партави истиқлолу озодийи Ватан афзал нест, ки вожагонамонро дубора зинда созему фахркунон гӯем: додгоҳ, додситон, додгустар, додситони кулл ва амсоли ин, ки ҳама форсийи ноб ва ҳикоятгари таърихи куҳани моянд!

Доктор Йиржи Бечка, ховаршиноси номдори Чехиё гӯяд: “Таърихи адабиёти форсӣ мустақиман ба мироси фарҳангийи Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва ҳамчунин ба манотиқи фарҳангийи дуртаре, минҷумла фарҳанги туркони Усмонӣ, Покистону Ҳиндустон, адабиёти милалли туркзабони Осиёйи Миёна ва ҳатто Моловиё (Малавӣ) дар Шарқ ва Югословӣ дар Ғарб таъаллуқ дорад”.

Ва устод Лоҳутӣ низ:

Фарзонагон чӣ гуна ошно кунанд
Бегонае, ки менадонад забони хеш?
Дар хонадони ғайр чӣ гуна маҳрам уфтад?
Ӯ бегона аст дар
ҳараму хонумони хеш!

Leave a comment